6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Данғара комплекси муҳташами парандапарварӣ ба истифода дода мешавад

361
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад. Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло дар минтақаи мазкур корҳои сохтмонии 12 мурғхона бомаром идома дорад. Роҳбарияти корхонаи мазкур бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи парандаро ба нақша гирифтааст.

Тавре муовини раиси Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Фарҳод Саймуродзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, фабрикаи парандапарварӣ яке аз калонтарин иншооти ҷашнӣ маҳсуб ёфта, самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад.

Тибқи иттилои роҳбари ширкати сохтмонии «Мармарӣ» Ҷаҳонгир Раззоқов иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол зиёда аз 5140 тонна гӯшти парҳезиро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар дохили он 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт.

Баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Тибқи нақша, дар оянда корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи мамлакат истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад.

Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст. Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2019 дар оғози сохтмони ин фабрикаи парандапарварӣ иштирок намуда, хотиррасон карданд, ки дар сурати ба фаъолият шурӯъ кардани ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар мавзеи Себистон истеҳсоли гӯшти паранда ба беш аз 5 ҳазор тонна расонда, воридоти гӯшти паранда аз хориҷи ҷумҳурӣ якбора 40 фоиз коҳиш меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво