27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз чанд иншоот дидан намуд

288
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода 3 феврал зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз чанд иншооти соҳавӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегарданд, дидан намуд.

Ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх ва иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараён дорад, дидан намуд.

Корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх, ки масоҳаташ беш аз 26 гектарро ташкил медиҳад, хуб идома доранд. Дар шаҳраки мазкур муассисаҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иморатҳо сохта мешаванд.

Тибқи лоиҳаи шаҳрак, дар ин мавзеъ муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ ва осорхонаи Мавлоно ҷойгир карда шуда, дар атрофи он гулгашт барои фароғати сокинону сайёҳон бунёд мегардад.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафар аз раванди сохтмони бинои идораи матбаа ва рӯзномаи «Навиди Балх» боздид намуданд.

Иншооти мазкур чорошёна буда, пудратчиаш ҶДММ «Абдурасул»мебошад, ки бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд шуда истодааст. Дар иншооти мазкур китобхона, осорхона, матбаа ва рӯзномаи «Навиди Балх» ҷой дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво