3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳибкор Алиҷон Аралов корхонаи парандапарварӣ бунёд мекунад

264
Дар деҳаи Қизил-Юлдузи ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Аралов корхонаи парандапарварӣ ба фаъолит оғоз мекунад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба гуфти Алиҷон Аралов, барои рушди ибтидоии корхона аз фабрикаи парандапарварии ноҳияи Шаҳринав 500 мурғи тухмдори зоти голландӣ харида шуд, ки онҳоро коргарони маҳаллӣ нигоҳубин мекунанд. Тухмҳои истеҳсолшуда ҳар рӯз яклухт ва бо нархи дастрас ба бозор пешниҳод мегарданд.

Биное, ки дар он фабрикаи парандапарварӣ сохта мешавад, солҳои дароз бекор буда, ба таъмир ниёз дошт. Инак як қисми он таъмир ва қисми дигараш навсозӣ гардид. Масъулин ният доранд, ки баъди ба итмом расидани таъмир чӯҷаҳои зоти бройлер ва марҷон оварда, фаъолияташонро рушд диҳанд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат барои рушди соҳибкории хурду миёна шароит муҳайё менамояд. Масъулин нақша доранд, ки ба соҳибкор Алиҷон Аралов барои рушди соҳаи парандапарварӣ қитъаи замин барои кишти ҷуворимакка ва зироати хӯроки чорво ҷудо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 4.816,8 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво