27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» идома дорад

295
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 24 марти соли 2020 навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бомаром идома доранд.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар хабар доданд, лоиҳаи навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон»-ро КВД ПИТЛ «Душанбешахрсоз» таҳия намуда, фармоишгари он ҶДММ «Корвон» мебошад.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе минбаъд марказҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳо бо инобати талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

«Аз ҷумла, дар навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» барои танба нашудани роҳ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа ва дигар иншооти хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст»,-афзуд номбурда.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво