25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе иморатҳои баландошёна сохта мешаванд

303
Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ «САНИИОСП» тарҳрезӣ шудааст. Айни замон аз рӯи нақшаи мазкур дар ин хиёбон сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда 37,00 гектарро дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90 (дар ду баст) дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи мавҷуда -№112 «Ивушка», «Баҳористон», №101 ва №48 васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд»,- афзуд манбаъ.Дар қитъаи тарҳрезишуда дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га майсазор бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин хиёбон дар масоҳати 5,61 га 15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон масоҳати 1,61га ҷудо гардидааст.Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди 22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво