Дар Душанбе аввалин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ба фаъолият оғоз намуд
264
Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 декабр дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе марҳилаи аввали Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда расман ба фаъолият оғоз намуд. Айни замон дар корхонаи мазкур истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ барои роҳҳои мошингарду пиёдагард, кӯчаву хиёбонҳо, ороиши биною иншоот ва равшаннамоии дохили хонаҳо ба роҳ монда шудааст. Фурӯзонакҳо пурра тариқи дастгоҳҳои рақамӣ ва барномаҳо аз як марказ идора карда шуда, ҳангоми кам гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон шиддати қувваи барқ дар онҳо паст ё қисман хомӯш карда мешавад, ки ба сарфаи неруи барқ ва муҳлати истифодаи фурӯзонакҳо мусоидат менамояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, кори фурӯзонакҳо бесадо буда, барои кор дар шароити борону тӯфонҳои шадид пешбинӣ шуда, дар самти амалигардии лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” низ кумак менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар мамлакат ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТЕДЕ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст. Дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯй маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст. Корхона дорои анбори маҳсулоти хом, хати истеҳсолӣ, анбори қуттиҳои тайёр ва озмоишгоҳ буда, дар масоҳати 400 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ, ки дар корхона бо истифода аз технологияи муосири RFSemi роҳандозӣ мегардад, имкони фаъол будани онҳоро то зиёда аз 100 ҳазор соат бештар мекунад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхонаи саноатӣ воридоти таҷҳизот ва технология ҷиҳати васлу насб ва санҷиши сифати маҳсулот, инчунин воридоти қисмҳои алоҳидаи фурӯзонакҳои диодӣ аз Ҷумҳурии Корея ва васлу насби онҳо амалӣ карда шудааст. Фаъолияти корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе дар се марҳила амалӣ мегардад. Дар марҳилаи дуюм ва сеюми корхона воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технология аз Ҷумҳурии Корея дар назар дошта шуда, истеҳсоли пурраи диодҳо ва дигар қисмҳои фурӯзонакҳо дар дохили мамлакат ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи дуюм 12 миллион ва дар марҳилаи сеюм 20 миллион дона фурӯзонаки диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда буда, 150 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҳамчунин дар доираи татбиқи ҳадафҳои мушаххас дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбоби барқиро ба нақша гирифтааст. Хотиррасон мешавем, ки бо фаъол гардидани корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Корея боз 250 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содироти он ба хориҷ заминаҳои устувор фароҳам мегарданд. Ёдовар мешавем, ки зимни ифтитоҳи расмии фаъолияти марҳилаи аввали корхонаи мазкур 16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломовро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020” намуна арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |