26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ мусоидат менамояд

366
Cоли сипаришуда ба соҳаи саноати хӯрокворӣ барои воридоти таҷҳизоти технологӣ, васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои нав зиёда аз 166 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардид, ки ин ба бунёди 76 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи кории нав мусоидат намуд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, саноати хӯрокворӣ соҳаи муҳим ва ояндадори иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, бинобар мавқеи калидӣ доштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок муайян гардидааст. Дар ин росто, соли 2019 ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва кафолатнокии аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизогии бехатар ва дорои сифати баланд тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли равғани растании «Ганҷ»-и ноҳияи Кӯшониён бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна, коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитамен бо иқтидори коркарди 14,0 ҳазор тонна зироати равғанидиҳанда ва корхонаи истеҳсоли оби ошомиданӣ ва машруботии «Сиёма»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 23,4 миллион литр дар як сол шаҳодати гуфтаҳост.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво