26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То фарорасии Соли нав дар Душанбе ҳамарӯза ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад

246
Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Маконҳои баргузории Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Қарияи боло» ва назди бинои «Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон» мебошанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат то 14 декабр маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, тухм бо нархи 1,00 сомонӣ ва гӯшти мурғ 23 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, то аввали моҳи ноябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 9 млн сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн сар афзоиш ёфтааст.

Тавре аз КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» иброз намуданд, то 10 декабр дар ҷумҳурӣ беш аз 8 млн дона тухм ва зиёда аз 27 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзавот, мевагӣ, асал ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбат ба бозор 30 фоиз арзон пешниҳод гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво