20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳсулот аз дасти аввал. Дар Хуҷанд маркази фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

306
Дар ҳудуди бозори «Суғдиён», воқеъ дар микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маркази фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали кишоварзӣ роҳандозӣ гардид. Маркази мазкур бо ибтикори роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонон бо маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал, яъне худи деҳқонон ташкил шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ташкили фурӯшгоҳи нав имкон фароҳам овард, ки харидорон маҳсулоти тару тоза ва бо нархҳои дастрасро бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд. Зеро ба ин бозор аз ҷониби деҳқонони шаҳру навоҳии атрофи маркази вилоят, чун Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра бо нархҳои нисбат ба бозор 30-40 дарсад арзонтар пешниҳод шудаанд.

Роҳбари бозори «Суғдиён» Абдураҳим Абдуллоев баён дошт, ки “бозор бо усули замонавӣ бунёд ва дар он имконияти васеи фаъолият, махсусан барои яклухтфурӯшони маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардида, қариб 2000 нуқтаи савдо дар масоҳати 9 гектар ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 1500 мошин мавҷуд мебошанд”.

Барои фурӯшандагон шароити хуби фаъолият ва инчунин як зумра имтиёзҳо, аз ҷумла меҳмонхона, истгоҳ, иҷораи ройгон пешниҳод гардида, маъмурият ният дорад, ки рӯзҳои наздик фурӯши маҳсулоти дигари мавриди ниёзи аввал, чун орд, равған ва биринҷро дар ин бозор роҳандозӣ намояд.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво