26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон шинос шуд

407
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода чанде қабл дар робита ба масъалаҳои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз фаъолияти корхонаҳои бунёдгардида дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати «ТК-ойл» муовини Сарвазир аз масъулини ширкат талаб намуд, ки вобаста ба бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани коркарди нафти хом кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Муовини Сарвазир омодагии худро ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла даъвати мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, хариди нафт ва роҳҳои ворид кардани нафти хом бо роҳбарони корхона тавассути видеоконференсия баён намуд.

Корхонаи коркарди нафту газ, ки дар МОИ «Данғара» сохта шудааст, иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хомро дар як сол доро мебошад.

Мутобиқи маълумоти роҳбарони ҷамъият, ҶДММ «Ғаюр саноат» истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ ва ороишии воридотивазкунандаро дар ин минтақа ба роҳ мондааст ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти мазкур асосан барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 25 тонна рангҳои эмулсионӣ, 6 тонна рангҳои синтетикӣ, 6 тонна таҳранг, 6 тонна андоваҳои ороишӣ ва 16 тонна калситро ташкил менамояд. Муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарони корхона дастур дод, ки роҳҳои содироти маҳсулоти корхонаро ба хориҷи мамлакат тарҳрезӣ намоянд.

Зимни сафар аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии ҶДММ «Тоҷпласт» дидан карда шуд. Корхона истеҳсоли қубурҳои пластикии андозаашон аз 15 то 500 мм-ро ба роҳ мондааст. Ба роҳбарони корхона муовини Сарвазир дастур дод, ки сомонаи расмии худро ифтитоҳ кунанд, то ин ки муштариён аз имконоти корхона васеъ истифода карда тавонанд. Масъулини ҶДММ «Грин Голд», ки корхонаи коркарди писта аст, изҳор доштанд, ки фаъолияти корхона хусусияти мавсимӣ дорад ва фаъолияташонро соли оянда баъд аз ҷамъоварии ҳосили нав идома хоҳанд дод. Супориш дода шуд, ки таъмири дохили истеҳсолот ва бино бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ бошад.

Ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти ҶДММ «Фарм Текс» иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як шабонарӯз то 2 тонна нахи пахтаро коркард карда, дар шакли пахтаи сафедкардашудаи гигроскопӣ ва сипас пахтаи тиббӣ, стоматологӣ, гирдаҳои пахтагин ва навъҳои гуногуни молҳои тиббии тамизшуда истеҳсол менамояд. Дар марҳилаи дуюм истеҳсоли докаи тиббӣ бо иқтидори то 5 млн дона дар як сол ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ дар корхонаи мазкур барои 120 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудаанд.

Муовини Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», ки айни замон дар сикли якуми он истеҳсоли ришта, дар дуюмаш бофтани ришта ба роҳ монда шудаасту омодагиҳо барои ба кор даровардани сиклҳои сеюм (рангу бор) ва чаҳорум (дӯзандагӣ) қарор дорад, зикр намуд, ки баъди пурра ба роҳ мондани коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ин таҷрибаро метавонанд дар дигар корхонаҳои коркарди пахтаи мамлакат, ки чунин уҳдадориҳоро гирифтаанд, истифода намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво