29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корхонаи ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд

301
Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, корхонаҳои пахтатозакунӣ, аз ҷумла ҶДММ «Зарҳам» 650 тонна ва ҶДММ «Тиллои сафед» 1600 тонна пахтаи хоҷагиҳоро қабул намуда, коркард карда истодаанд.

Тавре аз бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» яке аз корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба коркарди пахта машғул мебошад. Корхонаи мазкур ришта истеҳсол намуда, 15 октябри соли равон дубора фаъол гардид ва 46 нафарро ба кор ҷалб намуд.

Бояд зикр намуд, ки корхона бо ҷалби соҳибкорони хориҷӣ фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво