27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10533 нафар расид

243
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 19 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10533 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563 (90,8%) баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво