4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Дар Тоҷикистон 76%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтанд

353
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 28 июн ба 5849 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4448 (76%) нафар аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 271 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 57 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.



АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво