27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт ба қайд гирифта шуд

255
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 9 сентябр 8899 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7683 (86,3%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 71 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 93 нафар гумонбарон қарор дошта, 33 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво