18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

CОVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 71 ҳолати нави сироятёбӣ ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

303
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва ё ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то соати 18:00 дақиқаи 11 июн дар Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, худдорӣ аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни зарурат шарти муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ мебошад. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки тавсияҳои табибонро қатъиян риоя намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво