27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон баррасӣ шуданд

273
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» 28 август оид ба масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори бемории саратон видеоконфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар видеоконфронси илмӣ-амалӣ намояндагони муассисаи мазкур ва директорони марказҳо ва донишкадаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва Евразия иштирок намуданд.

Видеоконфронс аз рӯйи 9 бахш идома ёфта, дар он 50 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд.

Аз ҷумла, мутахассисон дар мавзӯи «Барқароркунии яквақта ва мавқуфгузоштаи ғадуди ширӣ бо мақсади барқароркунӣ ва беҳсозии сифати ҳаёти занҳо бо саратони ғадуди ширӣ», «Солимии репродуктивӣ ва сифати ҳаёти занҳо бо бемории Лимфома Ҳоҷкинӣ» сухан гуфта, зикр намуданд, ки масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаи мазкур ба ҳисоб мераванд.

Дар видеоконфронси мазкур ҳамзамон мутахассисони соҳа якчанд масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии беморони гирифтори саратонро баъд аз табобат муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро нисбат ба тавонбахшии ҷисмонию равонии онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво