23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии пиронсолон муҳокима гардид

424
Дар шаҳри Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолонро дар Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози Бюрои аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом Манферд Хубер дар Маҷмааи давлатии «Душанбе -Плаза» таҳти унвони «Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъол ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳамоиш бо мақсади шиносоӣ дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайянкунии афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин коркарди пешниҳодот ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегия оид ба масъалаҳои пиронсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҳамоиш оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузории он, вазъи будубоши пиронсолон дар мамлакат ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ сухан гуфт.

Инчунин дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён мақсад ва вазифаҳои бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», нишондиҳандаҳои таҳлили муқоисавии вазъи иқтисодию иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018 ва хусусиятҳои ҳолати рӯҳию равонии пиронсолонро вобаста ба муҳити зист дар ҳолати имрӯза баррасӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво