20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ мизи гирди байналмилалии илмӣ баргузор мегардад

378
Имрӯз, 25 август, соати 09:00 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965-1988), узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, лауреати Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, Раиси Ассотсиатсияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, асосгузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ академик Муҳаммад Осимӣ мизи гирди байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз» баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ иттилоъ дод.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки дар ҳамоиши байналмилалии видеоӣ олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Америка, Франсия, Ҳиндустон, Эрон, Беларус ва Ӯзбекистон иштирок карда, доир ба саҳми устод Осимӣ дар болоравии иқтидори илмии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти омӯзишӣ, идорию роҳбарӣ ва иҷтимоии ин олими барҷастаи тоҷик маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.

Ин олими барҷастаи тоҷик тӯли 23 сол дар вазифаи басо мушкил, вале пуршарафи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон хидмат кардааст. Замони роҳбарии ӯ дар Академияи илмҳои Тоҷикистонро метавон замони илму маърифат ва пешравии илми тоҷик ном бурд. Ин арбоби шинохтаи илму маърифати миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо ҳамчун олим ва таблиғгари илму фарҳанги Тоҷикистон, балки таҳқиқгари таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Шарқ эътироф мекунанд.

Ба ифтихори ин санаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби олимони АМИТ таҳқиқоти ҷашнии дастаҷамъии академӣ таҳти унвони «Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ» нашр шуд.

Тавре президенти АМИТ иброз намуд, чунин асари ҷомеаи таҳқиқотӣ бори нахуст рӯйи чоп омада, дар он масоили таърихию назарии мерос, афкори иҷтимоию фалсафӣ, адабию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ ва саҳми ин донишманди фарзона бо диди нави таҳқиқию татбиқӣ қаламдод шудааст.

«Дар ин асари ҷомеаи академӣ фаъолияти илмию идории бонизоми академии Муҳаммад Осимӣ ва саҳми ӯ дар таърихи илм ва фарҳанги садаи XX –садаи заррини илми академӣ муассир буда, ин таҳаввулоти чашмрас бар пояи тозатарин аснод дар муқоиса ба навиштаҳои то имрӯз рӯи кор омада ба риштаи таҳқиқ омадаанд. Зимни ин дар аксари навиштаҳои олимони ватанию хориҷӣ, ки ба ин асар ворид шудаанд, муҳимтарин масоили таърихию назарии тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ инъикос ёфтаанд»,-гуфт Ф. Раҳимӣ.

Бино ба маълумоти номбурда, инчунин ба муносибати солгарди олими маъруфи тоҷик асари дигар таҳти унвони «Ахтари дурахшони илм» рӯи чоп омад. Муаллифи асар академик Кароматулло Олимов буда, дар он аҳвол ва осори илмии академик Муҳаммад Осимӣ таҳқиқ шудааст.

Ба ифтихори ин санаи таърихию фарҳангӣ баробари нашри таҳқиқоти ҷашнии академӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо ширкати пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ таҳти унвони «Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба нақша гирифта шуда буд. Вале бо сабаби пандемия ин симпозиуми байналмилалӣ ба соли оянда гузаронида шуд.

ДАР АКС Муҳаммад Осимӣ. Акс аз манбаъҳои дастрас




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво