19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Олимони ихтироъкори тоҷик бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд

487
Доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда, доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирооти дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» гардида, бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки мақсад аз эълон ва гузаронидани озмун пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорию навоварӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, муаррифии ихтироот ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани беҳтарин ихтироъкорон ва навоварони ҷумҳурӣ буд.

Ба нақли номбурда, озмун аз рӯйи се номинатсия — «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ эълон ва гузаронида шуд. Дар озмун қариб 60 нафар ихтироъкорон ва навоварон аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуда, дастовардҳои илмии хешро муаррифӣ намуданд.

Бо қарори Комиссияи озмун инчунин як зумра олимон бо Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

Ба Дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи номинатсияи «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир сазовор дониста шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво