26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб охирин корҳои таъмирӣ ҷараён доранд

304
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба солҳои таҳсили 2020-2021 пурра омода гардидааст. Давоми як моҳ корҳои таъмиру шишабандӣ ва муҷаҳҳазгардонии хобгоҳ, ки аз чор ошёна иборат аст, ба анҷом расонида шуданд. Қаблан хобгоҳ ба талабот ҷавобгӯ набуда, донишҷӯён пайваста аз набудани одитарин шароит шикоят доштанд. Айни ҳол корҳои таъмирӣ дар биноҳои коллеҷ дар арафаи анҷомёбист. Таъмиргарон аллакай корҳои шишабандию рангуборро дар дохили бино ба анҷом расонида, қисмати деворҳои берунии биноро рангу бор доранд. Ба сохтмончиён омӯзгорону кормандони хоҷагии коллеҷ кумак мерасонанд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” директори коллеҷи мазкур Арафамо Даминова иттилоъ дод, “дар таътили тобистона, новобаста ба мушкилоти молиявӣ, коллеҷи омӯзгорӣ ба таъмири хобгоҳ ва биноҳои таълимӣ шурӯъ намуд. Нақшаи асосии мо таъмир кардани хобгоҳ ва ба донишҷӯён шароити хуб фароҳам овардан буд, ки хушбахтона, ин нақша амалӣ гардид. Бо дастгирии соҳибкор Гурез Латипов бинои хобгоҳ пурра таъмир гардида, бо ҷои либосшӯӣ, ҷевон, ҷои пухту паз ва дигар шароит таъмин гардидааст”.

Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ, то 17 август, ки оғози соли таҳсили 2020-2021 дар назар аст, корҳои асосии таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ дар ҳамаи биноҳои донишгоҳ анҷом ёфта, омӯзгорону донишҷӯён соли нави таҳсилро дар шароити хуб оғоз мекунанд.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, имсол ба Коллеҷи омӯзгорӣ 441 нафар дохил шуда, аз ин шумора 114 нафарашон шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар соли нави таҳсил 260 нафар донишҷӯдухтарон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво