27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Пешвои миллат аз афроде ном бурданд, ки бо сӯиистифода аз пандемия ба фиребкорию пулкоркунӣ машғул шудаанд

248
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар Хуҷанд таъкид намуданд, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва фавран бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт, ҷудо намудани маблағ барои таъмини таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардонӣ ҳамаи чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. «Вале санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд», — изҳори нигаронӣ карданд Пешвои миллат.

Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст.

Сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст.

Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба гуфтаи Президенти мамлакат, дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво