26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Худ ва наздиконатро ҳифз намо! Аксияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ

327
«Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ кард. Аксияи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ихтиёрӣ ҷалб мегарданд.

Дар доираи аксия кормандони соҳа, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон бо вазъ ва шароити хонандагон шинос гардида, ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар давраи таътил омӯзишро тавассути Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» мустақилона бо ёрии калонсолони аъзои оила, тавассути алоқаи электронӣ бо омӯзгорон ва ҳамсинфон ва дигар имкониятҳо ба роҳ монда, барои худ шуғли муфид интихоб намоянд.

Ҳамзамон аз волидайн ва калонсолони оила хоҳиш карда мешавад, ки барои кӯдакону наврасон дар хона шуғли муайян, аз қабили ба корҳои хонагӣ пухту паз, тоза намудани хона, ҳавлӣ ва атрофи он, ҳамкорӣ ва расонидани ёрӣ ба дигар аъзои оила машғул шудан, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, варзиш дар шароити хона, инчунин ба китобхонӣ машғул шуда, шабакаҳои телевизионии ба синну сол мувофиқро тамошо намуда, дар доираи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» адабиёти бадеӣ мутолиа намоянд.

Дар давраи таътили ғайринавбатӣ тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, хонандагону донишҷӯён имокгн доранд китобҳои бадеӣ ва таълимию илмӣ дастрас намоянд.

Иштирокдорони аксия дар маҳаллаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон суҳбатҳо гузаронида, барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маводи маърифатӣ паҳн мекунанд, инчунин қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоб, ҳангоми суҳбат нигоҳдоштани масофаи на камтар аз 1,5 — 2 метр, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусиро тавсия медиҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво