26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид

371
Сокини шаҳри Турсунзода Б.Ҳ. бо ҷурми риоя накардани талаботи яке аз қонунҳои миллии мамлакат- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Тибқи қарори суди шаҳри Турсунзода нисбат ба шаҳрванд Б.Ҳ. бо моддаи 481, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд, ки баробар ба 5,8 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ин хусус маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, Б. Ҳ. хилофи талаботи қисми 1, моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» амал намуда, 24 январи соли 2020 бе қайд дар мақомоти ваколатдор 35 нафарро ба хонааш даъват намуда, ба муносибати тӯи арӯсии духтараш зиёфат додааст.

Инчунин ӯ 25 январ хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст. Дар робита ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ боз гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ду қонуни миллӣ буда, соли 2007 қабул шудааст. Новобаста ба талаботи ин қонун ва ҷаримаҳои калон бисёре аз шаҳрвандони мамлакат хилофи талаботи он рафтор намуда, қонуншиканӣ менамоянд, ки сабаби нигаронӣ ва таассуф аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво