26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд

291
Ояндаи наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мақсади асосии лоиҳаи Қонун мутобиқ гардонидани он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои маъюбони гурӯҳи якум ва кӯдакони маъюби то 18 – сола ва инчунин нигоҳубини пиронсолони яккаву танҳои ба синни 80 расида равона карда шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намуд, ки лоиҳаи Қонуни пешбинишуда дар иртибот ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода гардидааст.

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Масъалаҳои номбаршударо ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки мутобиқи бандҳои 9, 10 ва 11-и қисми 6, моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гаравӣ амволи манқул – ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гаравӣ амволи манқул — ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ муқаррар шудааст.

Ин намуди боҷи давлатӣ низ бо сабаби хеле кам ба қайд гирифта шудани хабарномаҳои гарави молу мулки манқул кам истифода бурда мешавад.

Пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини кафолати баргардонидани қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ равона гардида, аз ин фаъолият гирифтани даромад ба сифати боҷи давлатӣ мувофиқи мақсад намебошад, ба истиснои хароҷоти минималие, ки барои нигаҳдории дахлдори системаи иттилоотии феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ равона гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки хориҷ намудани боҷи давлатӣ ва минбаъд ба тариқи ройгон фаъолият кардани низоми нави бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ба беҳтар гардидани рейтинги мамлакат дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ- «Пешбурди тиҷорат» таъсири мусбат мерасонад.

Ҳоким Холиқзода ҳамчунин зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таъкид намуд, ки тибқи иҷрои банди 20-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон аз 14 октябри соли 2017 баён доштанд, дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ моҳҳои май – октябри соли 2018 Системаи иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои такмил додани заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ таҳия гардидааст.

Мутобиқи қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии гаравҳо яке аз вазифаҳои давлат мебошад, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини кафолати баргардонидани қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ мусоидат менамояд.

Бо чунин тарз доир ба масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво