26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» оғоз гардиданд

360
Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар шаҳри Душанбе таъсис ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Чунин омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар пойтахт аз 13 марти соли 2020.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои зуруриро то 17 марти соли 2020 ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод намоянд.

Раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2020» дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки пас аз анҷоми кори комиссия то 20 марти соли 2020 рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво