236 нафар шахсоне, ки дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зери карантин қарор доштанд, пурра мураххас шуданд
418
236 нафар шахсоне, ки дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зери карантин қарор доштанд, пурра мураххас шуданд. Дар ин бора Сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода иттилоъ дод.
Бино ба зикри номбурда, вазъияти ин нафарон хуб буда, дар онҳо нишонаҳои коронавирус дида нашуд ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак дод. Гуфта мешавад, ки айни замон як гурӯҳ нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайрҳои гуногун ба Тоҷикистон омадаанд, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор таҳти назорати карантинӣ қарор доранд. Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамиддин Камолзода 21 феврал иттилоъ додааст, шаҳрвандони боқимонда пас аз гузаштани 14 рӯзи карантин, дар ҳолати пайдо нашудани нишонаҳои коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Вале новобаста аз ин ҳолати онҳоро мутахассисони шуъбаҳо назорат мебаранд.Воридшавии шаҳрвандон аз Чин ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. АКС аз сомонаи «Азия плюс»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |