27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба пешвози ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 766 иншоот ба истифода дода мешаванд

490
Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди 766 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2019 150 -тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Раиси шаҳри Кӯлоб ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 268,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

— Соли гузашта 14 коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза, мебелбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва як корхонаи ҶДММ «Сангрезаи Кӯлоб» дар маҷмӯъ бо фарогирии 130 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд,-афзуд Баҳром Иноятзода.

Гуфта шуд, ки ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият карда, 99 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд. «Ресандаи Кӯлоб» соли 2019 ба маблағи 13,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи пеш 3,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ришта буда, бештар ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб самти кишоварзиро шарҳ дода, гуфт, ки деҳқонон соли гузашта 57,8 ҳазор тонна сабзавот, 6,8 тонна полезӣ, 7,4 тонна мева ва 1,1 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.

-Дар ин давра кишти чигит мувофиқи дурнамо дар майдони 3000 га гузаронида шуда, ҷамъоварии пахта 6908,2 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 462,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 10,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, -афзуд номбурда.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво