29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

944
Дар семоҳаи якуми соли 2017 корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи 316,8 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта 9,0 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 102,9 %-ро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 8,8 % баробар гардидааст. Шумораи корхонаҳо ба 511 адад, ҷойҳои корӣ ба 9 246 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1020 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 426,0 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 20,7 миллион дона, гаҷкартон 190,2 ҳазор дона, гаҷ 1,8 ҳазор тонна расидааст.
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 38,0 %, «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон 28,0 % ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16,6 % назаррас мебошад.
Дар ин давра 133,2 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Афғонистон 120,4 ҳазор тонна, Ӯзбекистон 10,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 2,7 ҳазор тонна содир гардидааст. Ҳаҷми содироти семент дар маҷмӯи истеҳсоли он 31 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин раванд саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» 50 %, «Чунгтсай Моҳир семент» 38 %, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 9 % ва «Тоҷ Чайна 2013» шаҳри Ваҳдат 3 % мебошад.
Инчунин аз ҷониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноҳияи Ёвон 6,2 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 128,2 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шудааст.
Инчунин дар ин давра барои бунёди корхонаи истеҳсоли сементи «Билол Суюлин семент»-и шаҳри Конибодом ва коргоҳи истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ таҷҳизоти технологӣ ворид гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво