26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Паём муҳимтарин барномаи созанда

405
Паём муҳимтарин барномаи  созанда Дирӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович, инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.

Риси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмдзод Ҷмшед Ҷалол дар бораи самтҳои асосии соҳавии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуд. Номбурда таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба хусусиятҳои хоси Паёми имсола равона сохт, ки он аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии соли 2020 ва дигарҳо иборат мебошад.

- Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи корҳои солҳои охир анҷомдодаи хеш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд, ки соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангу илму варзиши мамлакат чӣ гуна равнақ ёфтааст, бо мисолҳои дақиқ ва далелҳои мушаххас нишон доданд, ки сатҳи зиндагии мардум то куҷо беҳтар шудааст. Мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дар кадом поя қарор дорад ва иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон чӣ хел дастгирӣ карда мешавад.

Паём муҳимтарин барномаи  созанда Расман ба кор андохтани ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва “Сарбанд”, бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб – Муъминобод, дигар иқдому ташаббусҳои созанда, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва садҳо нафар соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, воқеан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем.

Вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд,- гуфт АҳммдзодаҶ.Ҷ.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.

Доир ба ин масъала кормандони соҳа вазифадор гардиданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъмориро риоя намуда, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута уҳдадор гардиданд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои генералии шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.

Паём муҳимтарин барномаи  созанда Паём муҳимтарин барномаи  созанда


Барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.

Албатта, ҳамаи кормандони Кумита ин дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод.

Зеро ҳар як корманди Кумита бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад, гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
-Сиёсати давлат ба он равона карда шудааст, ки барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Тайи чор соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Бо мақсади зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар заминаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Дар бахши сиёсати хориҷии Паём пеш аз ҳама таъкид гардид, ки Тоҷикистон стратегияи «дарҳои кушода»-ро идома дода, бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳифзи истиқлолият, давлатдории миллӣ, асолату ҳуввияти миллӣ, амнияту суббот ва пешрафту тараққиёти кишвар аз вазифаи муҳимтарини сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон номида шуд.

Дар фароварди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат иброз доштанд, ки «…Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Паём муҳимтарин барномаи  созанда Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия муҳтарам Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дар бораи самтҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал истода гузаштанд.
-Чӣ тавре, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар ҳамаи самтҳо, дар тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим пешравиҳову муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар оғози Паём таъкид шуд, ки «Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Ин итминони мардумро ба ояндаи боз ҳам нек комилтар месозад. Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш борҳо таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати мамлакат ба як ҳадафи волотарин — таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

Имсол мо боз як қадами дигар ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон наздик мешавем ва ин бояд масъулияти моро дучанд гардонад. Зеро истиқболи арзанда аз ин санаи муқаддас нишони ватандориву ватанпарастии ҳар сокини кишвар аст. Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд».

Бинобар он моро зарур аст, ки ба раванди омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза бахшем. Ҳар як шаҳрванд ва сокини кишвар бояд ба қадри имкон ва тавони худ барои истиқболи арзанда аз ин сана саҳми худро гузорад.

Сипас, муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» Сафарзода Абубакр ба сухан баромада, аз ҷумла чунин гуфт:
- Тавре Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо ҷавонон, ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони Кумитаро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Яъне, имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардан, боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Паём муҳимтарин барномаи  созанда Паём муҳимтарин барномаи  созанда

Ҷавонони Кумита низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро дучанд равона месозанд.

Дар анҷоми суханронии худ АҳмадзодаҶ.Ҷ. изҳори боварӣ намуд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд ва бо дарки масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар ҳаёт татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ҳозиразамон барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, таҳияи лоиҳаи хонаҳои истиқоматии дастрас, лоиҳаи инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, сохтмони иншооту биноҳои нав бо риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва бунёди иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.Зеро ҳар як корманди Кумита бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад.
“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво