19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

364
Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи ҷойивазкунанда бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони осорхонаҳои миллии мамлакатҳои ширкаткунанда, коршиносони Кумитаи байналмилалии намоишгоҳҳо ва мубодилаи ICOM, Раёсати таҳқиқоти фарҳангӣ ва минтақавии Донишгоҳи Копенгаген ва ЮНЕСКО иштирок карданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа интихоб ва муҳокимаи нигораҳои барои намоиш пешниҳодшуда, муайян намудани қадамҳои мушаххас дар таҳияи намоишгоҳ, ки осорхонаҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон иштирок хоҳанд кард, мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи муштарак дар чорчӯбаи лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ташкил карда мешавад.

Намоишгоҳ ба мероси муштараки фарҳангӣ бахшида шуда, дар он барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи лоиҳа, намоиш додани мероси бойи кишварҳои иштирокчӣ, мусоидат ва табодули таҷрибаи пешқадам дар Роҳи абрешим ва фаҳмиши муштараки мероси Роҳи абрешим ҳамчун пуле байни Шарқ ва Ғарб равона шудааст.

Дар нақша аст, ки намоишгоҳ тирамоҳи соли 2021 дар осорхонаи мамлакати иштирокчӣ ё Аврупо баргузор гардад, ки барои намоиш дар ҳар як кишвари ширкаткунанда дастрас хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ моҳи июни соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардида буд, ки дар он мавзӯъҳои эҳтимолии намоишгоҳ, миқёс ва хусусияти он, инчунин нигораҳои имконпазир, ки қисми ин намоишгоҳ хоҳанд буд, баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеаҳои минтақа, аз ҷумла ҷавонон ва занон тавассути фароҳам овардани даромад ва ташкили ҷойҳои корӣ нигаронида шуда, нақши афзояндаи фарҳангро дар рушди устувор нишон хоҳад дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво