26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мо сулҳу саломатиро меситоем!”

429
«Мо сулҳу саломатиро меситоем!”Бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли 2019 дар толори хурди маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор намуд.
Ҷаласаро Мирзозода Н.Ю. – муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Сипас, дар ин робита диққати ҳозиринро ба якчанд паҳлӯҳои аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон равона намуда, аз дастовардҳои бузурги Ваҳдати миллӣ ёдоварӣ намуд. Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки аслан вожаи ваҳдат барои ҳар як миллат мафҳуми пурарзиш мебошад. Шояд дар дунё халқе ё миллате набошад, ки ин калимаро гиромӣ надорад. Дар ҳар замон он ба ҳар гуна забон садо диҳад ҳам, аммо маънии ягонаро баён сохта, барои ҳама азизу муътабар аст.
Н.Мирзозода иброз дошт, ки таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгариро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд. Ин маънӣ ҳанӯз 3000 сол пеш дар китоби муқаддаси мо «Авасто» ба таври зайл омадааст:- «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бишканад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».
«Мо сулҳу саломатиро меситоем!”
Инчунин, вобаста ба рӯзномаи маҷлис, баромади Гулаҳмадзода Вайсиддин – Ёвари Раиси Кумита- котиби масъули ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» шунида шуд.
Ҳамзамон, Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба масъалаи рӯзнома ибрози ақида намуда, аз қаҳрамонӣ ва матонати хоса, инчунин хизмати бузургу бебаҳо ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд кард, ки Президенти мамлакат бараъло нишон доданд ва тасдиқ карданд, ки Пешвои Ваҳдати миллӣ ҳастанд.
Хабарнигори
“Рӯзномаи бинокорон”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво