17 июн 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар деҳаи Шарқиёни ноҳияи Тоҷикобод барои кӯдакон майдончаи дилхушӣ бунёд гардид

29
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шарқиёни ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи соҳибкор Бегиҷон Худойдодов майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур бо маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Он бо таҷҳизотҳои замонавии варзишию дилхушкунанда барои кӯдакон муҷаҳҳаз буда, баҳри солимӣ ва фароғати кӯдакони деҳот пешбинӣ шудааст.

Дар кушодашавии майдончаи мазкур раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода иброз намуд, ки соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми дуюним соли минбаъда 74 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявидоштаро бунёд менамоянд.

То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 7 иншоот, аз ҷумла биноҳои суди ноҳия, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва кӯчаҳои маркази ноҳия дар қисмати аввал мумфаршу чароғон гардиданд. Инчунин як маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказии ноҳия ба истифода дода шуд.

Бо дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 иншоот бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва буҷети маҳаллӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорони ноҳия 36 инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Дар чорабинии мазкур соҳибкор Бегиҷон Худойдодов ба ҳамдиёрон ваъда дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то охири соли 2019 ду иншооти дигар, аз ҷумла, ҳаммом ва сартарошхона барои сокинони деҳаи Шарқиён сохта ба истифода медиҳад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво