23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе масоили марбут ба муҳоҷират ва кумак ба гурезагон матраҳ мешавад

90
Шаҳри Душанбе тайи ду рӯз -14-15 майи соли равон мизбони нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират мегардад. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот мекунанд.

Мусаллам аст, ки раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як пойгоҳи минтақавии машваратӣ аст, ки ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти мазкур дуюмин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки зери Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Саидасрор Саидов мегӯяд: «Муҳоҷират падидаи зудтағйирёбанда буда, Раванди Алмаато пойгоҳи дурусте барои баррасии вокуниши мо ба чолишҳои нав мебошад».

Вито Трани, намояндаи UNHCR дар Тоҷикистон бар он назар аст, ки «кишварҳо мухторият ва ҳақ доранд, то марзҳои худро назорат намуда, шароити вуруд ва будубоши ҳар касеро дар ҳудудашон муайян кунанд. Дар баробари он, асосҳои башардӯстонаи ҳимояи афроди ниёзманд бояд аз мадди назар дур намонад. Уҳдадориҳои давлатҳо ҷиҳати мудирияти муассири ҷараёнҳои муҳоҷират ва фазои инсондӯстонаи ёрӣ ба фирориён аввалиндараҷа мебошанд».

Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) дар нишаст таҷрибаҳои қонунгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти танзими масоили марбут ба гурезагон ва муҳоҷирон муаррифӣ карда, ҳамчунин доир ба Ҳамоиши ҷаҳонӣ вобаста ба масоили гурезагон, ки моҳи декабри соли равон дар Женева дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, маълумот медиҳад. Низоми сабти вазъ ва ҳузури муҳоҷирон дар кишварҳои узви Раванди Алмаато низ аз ҷониби намояндагони давлатҳои узв муаррифӣ мешавад.

Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд. Дар ин нишаст СБМ Торнамои ҷаҳонӣ доир ба муҳоҷират ва индикаторҳои мудирияти муҳоҷираташро муаррифӣ карда, доир ба ибтикори нави тадқиқотие дар мавзӯи муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ маълумот медиҳад».

Нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё» баргузор мешавад, ки он аз ҷониби Дафтари Департаменти давлатии ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират (PRM USA) маблағгузорӣ мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво