25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқот дар ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноб

920
-Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Каниев, директори Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хоруғ Пулод Зеваршоев ва намояндаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи нақшаи корӣ дар ҳайати гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ аз ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноби водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, ки моҳи декабри соли 2015 бар асари заминларзаи шадид қисман хароб гардида буданд, дидан намуданд.
Дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ минтақаҳои хавфнокеро, ки дар он ҷо ба вуқӯъ омадани офати табиӣ аз эҳтимол дур нест, муайян намуда, бо сокинони ин мавзеъҳо оид ба кӯчондани онҳо ба минтақаҳои бехатар мулоқот доир намуданд. Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ҷавононе, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар доштанд, бо пурсишҳо оид ба тартибу низоми муҳоҷират ба ҳайати гурӯҳи корӣ муроҷиат намуда, ба саволҳояшон ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.
Пулод Зеваршоев, директори Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷавоб дода гуфт, ки қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират пайваста тағйир меёбад ва донистани он ба ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки ба ин кишвар ба кор меравад, ҳатмист.
Пулод Зеваршоев иттилоъ дод, ки дар ихтиёри марказ дархости кордиҳандагон аз шаҳрҳои Санкт-Питербург ва Екатеринбурги Федератсияи Русия дар бораи даъват ба кор қарор доранд ва хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои вилоят ва «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво