26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии об дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Тозагии соҳил-2019» доир гардид

529
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва дигар каналу ҷӯйҳои шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 1000 нафар ҷавонону сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Сардори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов гуфт, ки имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, тозакунии муҳити зист, ба талаботи санитарию экологӣ ва меъморию шаҳрсозӣ мутобиқ гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин дар баробари тоза намудани соҳили дарёҳо, кӯчаю хиёбонҳо дар ҳудуди шаҳр 26 ҳазор бех дарахтони ороишию мевадиҳанда ва 48 ҳазору 500 гулу буттаҳо шинонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво