29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР - РИСОЛАТИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ

1545
ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР - РИСОЛАТИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ
Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани пойтахт, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 150 рӯзи ободонию созандагӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт!» эълон гардида буд. Аз ин лиҳоз, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву ташкилотҳои системаи он: Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ҶСК «Шаҳрофар», Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ», КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», ҶСК «Саноатсоз», ҶСК «Корезлоиҳа», КВД «Ташхисгар», КВД «Лоиҳакаш» ва КВД «Манзили сохтмончиён» ин маромномаро сармашқи кори худ намуда, нигоҳубини доимии қитъаҳои вобасташударо таъмин карда истодаанд. Қитъаи замини ба Кумита вобасташуда дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир буда, аз бурриши гузаргоҳи №1-и кӯчаи Турсунзода, кӯчаи Ҳусейнзода то бурриши кӯчаи Нисормуҳаммадро дар бар мегирад. Дар ин мавзеҳо ҳар ҳафта бо иштироки фаъолонаи кормандон ҳашарҳо ташкил карда шуда, корҳои нарм кардани замин, обтаъминкунӣ ва дигар корҳои аввалиндараҷа ба анҷом расонида шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита беш аз 14 ҳазор дона гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳо, ки ба мавзеи вобасташуда мувофиқанд, дар якҷоягӣ бо гулпарварон интихоб карда шуда, шинонида шудаанд.
ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР - РИСОЛАТИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ
Айни ҳол, дар қитъаи гузаргоҳи №1-и кӯчаи Турсунзода то гардиши кӯчаи Ҳусейнзода таъмири роҳ ва гузаронидани шабакаҳои муҳандисӣ рафта истодаанд, ки пас аз ба анҷом расидани таъмир корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ин қитъаҳо низ ба иҷро расонида мешаванд.
ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР - РИСОЛАТИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ

Инчунин, бо мақсади боз ҳам зебо гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанги сокинони он ва тарғиби тамаддуни тоҷикон озмун ҷиҳати муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки Кумита ва корхонаву зерташкилотҳои он тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозанд.
Д.Нурзода,
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво