28 январ 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ дар Кумита

1092
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумита[/center]
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
Зӯҳро Окимбекова – муовини раиси Кумита ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ҷавононро ба ҳисси ватандӯстӣ, эҳёи ваҳдати миллӣ, ҳифз намудани анъанаҳои ниёгон, инчунин баланд бардоштани парчами давлатӣ дар дохилу берун аз кишвар ҳидоят намуд.
Сипас, Ш.Нуралиев-сардори шӯъбаи ҳуқуқ дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, инчунин низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза баён намуд:
- Боиси қаноатмандист, ки пас аз қабули қонун дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки минбаъд ҳар сол Рӯзи Парчами давлатиро, ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил менамоем. Парчами имрӯзаи давлат яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода гардида, тоҷи ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумита
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ш.Нуралиев ҳамчунин ба тарзи дуруст истифода бурдани Парчами давлатӣ дар лаҳзаҳои зарурӣ, тарзи тайёр кардани он, макони афрохтани Парчам равшанӣ андохта, иброз дошт, ки агар ашхосе ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор ҳисобида шаванд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Ф.Музофирова






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво