29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Парчами давлатӣ - сарбаландии мост!

1318
Ба ифтихори рӯзи Парчами миллӣ дар қисми ҳарбии рақами 2711-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, мулоқоти гурӯҳи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аскарону афсарони ин қисми низомӣ доир гардид. Қайд гардид, ки имрӯз ҳамаи дастовардҳои ноилгардидаи халқи тоҷик зери Парчами бузурги давлатӣ, ки боиси ифтихор ва сарбаландии мост ва рамзи ғолибияти миллат бар фазои тираи нофаҳмиву ноамнии кишвар аст, ба даст омадааст.
Оғози роҳбарии пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин кишвари он рӯзҳо дар хуну хок оғушта, аз бӯсидани Парчами миллӣ оғоз шуда буд ва саҷдаву эътимод, бовару эътиқоди роҳбари давлат ба парчами муқаддас моро ба чунин рӯзҳои осудаву пур аз фазои ваҳдаторои кишвар оварда расонд.
Аз ин рӯзгори тинҷу осуда, ки дар зери партавфишонии ин Парчами нерубахш ба мо насиб гардидааст, ифтихор мекунем. Ҳамзамон бобати дахлнопазирии хати марз низ ибрози сухан гардид.
Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки: «Хатти муайянкунандаи марз муқаддас аст ва ҳифозати он корест аз ҳама бузургтар. Имрӯз аскарону афсарони тоҷик дар зери Парчами миллӣ неруи шикастнопазир доранд ва дар ҳифзу амонии сарҳадоти кишвар камари ҳиммат бастаанд».
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бобати вазъияти ҷаҳони имрӯза, бархурди тамаддунҳо ва дар ин даврони ҷаҳонишавӣ поку беолуда нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, ҳифозати дастовардҳои даврони саҳибистиқлолии ватан сухан намуд. Чунин вохӯрӣ дар кисми низомии 23441-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мавзеи Дашти лучи ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, доир гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво