26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳимояи нахустин рисолаи докторӣ дар соҳаи радио ва телевизиони миллӣ

1165
«Нақши радиои Тоҷикистон дар ташаккули афкори ҷомеа дар замони истиқлол»- чунин ном дорад рисолаи доктории муҳаққиқи соҳаи радио ва телевизион Саидмуроди Хоҷазод, ки дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия бомуваффақият дифоъ гардид.
Дар рисола аввалин бор вазъи бозори расонаии замони истиқлол, ташаккули низоми нави радио ва телевизионҳои насли нав, таъсири ВАО-и электронӣ ба афкори ҷомеа, нақши ин расонаҳо дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, барқарории сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтаанд
Муаллиф тағйироти миқдорӣ, сифатӣ, мавзӯӣ ва жанрии расонаҳои замони истиқлолро дар мисоли барномаҳои радиои Тоҷикистон нишон дода, ба натиҷа расидааст, ки феълан 82%-и фазои иттилоотии Тоҷикистонро расонаҳои давлатӣ мукаммал мекунанд ва расонаҳои ғайридавлатию хориҷӣ низ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамрайъӣ нишон медиҳанд.
Нақши барномаи «Хоки Ватан» барои бозгашти гурезагон ба Ватан ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ аз фаслҳои мукаммали рисола аст. Муаллиф илман асоснок менамояд, ки дар натиҷаи муқовиматҳои дохилӣ беш аз 60 000 нафар кушта шуд, 25 000 зан бева монд, 53 000 кӯдак ятим гардид, 36 000 манзил хароб гашт ё ба коми оташ рафт ва беш аз 1 миллион нафар беҷо шуд. Маҳз бо таъсири равонии ин барнома беш аз 600 ҳазор нафар ба Ватан бозгаштанд, 50 ҳазор ҳамдигарро пайдо карданд ва аз тариқи барномаи мазкур беш аз 200 ҳазор нома қироат ва ё ба мазмуни онҳо ишорат шудааст.
Дар рисола дастовардҳои 20 соли расонаҳои замони истиқлол ҷамъбаст гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво