27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Китоби маҷмуи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи обу иқлим ба ҳизбиён тақдим гардид

45

Китоби маҷмуи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи обу иқлим ба ҳизбиён тақдим гардидБахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри дастрас намудани китоби «Маҷмуи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи обу иқлим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аъзои фаъоли ҳизб дар кумитаву ташкилоти ибтидоӣ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, ғолибони озмунҳои шаҳриву ҷумҳуривӣ ва ҷавонону донишҷӯёни фаъол иқдом гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷмуи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи обу иқлим дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда, дар шакли китоб таҳия гардид.

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Шаҳри Душанбе соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо мегардад.

Ин иқдом агар аз як чиҳат ғамхорӣ нисбат ба тамоми мардуми сайёра бошад, аз ҷониби дигар барои муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанги ҷаҳон дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим нақши муассиру мондагор ва пурифтихор дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво