27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар машғулияти омӯзишии Барномаи муосири роботсозӣ ва истеҳсоли дронҳо дар Туркия иштирок намуданд

30
Намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар машғулияти омӯзишии Барномаи муосири роботсозӣ ва истеҳсоли дронҳо дар Туркия иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машғулият намояндагони донишгоҳ барномаҳои касбии таълимиро дар Маркази омӯзиши робототехникаи DENEYAP-и шаҳри Истанбул ва Маркази омӯзишии дронҳои бесарнишини ширкати SAPMAZ-и шаҳри Анқара аз худ намуданд. Пас аз анҷоми барномаи машғулияти омӯзишӣ ва супоридани санҷишҳо иштирокчиёни фаъол соҳиби сертификат ва шаҳодатномаи ронандагии дронҳои бесарнишини ширкати SAPMAZ гардиданд.

Дронҳои ширкати SAPMAZ бо шарофати аксҳои баландсифат ва тасвирҳои сканкунии инфрасурх барои беҳсозии ҳосилнокӣ, мониторинги сатҳи рушди зироат, иқтидори обёрӣ ва самаранокӣ, мубориза бо бемориҳою ҳашароти зараррасон ва ғизодиҳии растанӣ дар корҳои кишоварзӣ истифода мешаванд.

Иштироки намояндагони донишгоҳ дар ин машғулияти омӯзишӣ муҳим буда, барои омода намудани мутахассисони ботаҷриба, такмили дараҷаи касбии устодон, пешбурди фаъолияти илмии донишгоҳ ва рушди илмҳои техникӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво