29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ гардид

285
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шаҳодатномаи узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ-ро ба даст овард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шаҳриёр Саъдулозода иттилоъ дод.

Ба гуфти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, аз моҳи феврали соли равон барои шомил гардидан ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ Раёсати донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуд. 19 апрел аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н.Э.Бауман А.А. Александров ба унвони ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, профессор Қудрат Давлатзода номаи шодбошӣ бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шуд.

«Қабул шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имкон медиҳад, ки дар баробари рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз мамлакат тавсеа ёбанд»,- гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода.

Мавсуф иброз намуд, ки барои шомил гардидан ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ нашри мақолаҳои илмӣ, шумораи патенту ихтироъкории олимони барҷастаи донишгоҳ ба назар гирифта мешавад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ гардид

Бояд гуфт, ки соли равон ба таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 65 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонҳои соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.

Дар ин муассисаи олӣ аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон, технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ омода карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии 30 мамлакати ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Донишгоҳ соҳиби таҷрибаи калони ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои таълим ва илм буда, узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир, Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ, инчунин узви комилҳуқуқи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ соли 1993 бо ташаббуси донишгоҳҳои пешбари Россия дар бахши донишгоҳҳои техникии ассотсиатсияи Донишгоҳи Авруосиё таъсис дода шудааст. Ассотсиатсия бо 114 донишгоҳи тадқиқотӣ ва 30 донишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Украина ҳамкорӣ менамояд.

Аксҳо аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво