30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи саҳмдорони НБО «Роғун» баргузор гардид

466
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2017 шунида шуд ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2017 пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСК НБО «Роғун» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар маҷлис аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб шуда, Низомномаи мудирияти истифодабарӣ ва аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои соли 2018 тасдиқ гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво