ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И «РОҒУН» МУЖДАИ НАВРӮЗӢ БУРД![]() ![]() Дар шаҳри Роғун ҳайати таблиғотӣ ба се гурӯҳ ҷудо шуда, бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони техникӣ, ронандагон, нақбканон дар майдонҳои сохтмонӣ суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар баробари ин, аъзои гурӯҳ бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, инчунин ҳолати нақбҳо ва дигар иншооти техникӣ-муҳандисӣ аз наздик шинос шуданд. Тавре муҳандисону сарварони қитъаҳои корӣ иттилоъ доданд, корҳо дар ҳамаи самтҳо ва бахшҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» бо сифати баланд ва тибқи реҷаи тасдиқшуда идома доранд. Шоирон зимни суҳбат бо сохтмончиён дар мавзӯъҳои ифтихор аз Ватану ватандорӣ, васфи баҳори наву Наврӯзи ҷаҳонӣ, инчунин қаҳрамониҳои коргарону сохтмончиёни неругоҳи «Роғун» шеъру ғазалҳо қироат карданд. Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо суруду навои фараҳбахшу дилнишин ба фазои сохтмонӣ рӯҳияи идонаи наврӯзӣ бахшиданд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |