26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт

37
12 май Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, дурнамои густариши ҳамёрии амалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт
Аснои мулоқот рушди босуръати ҳамкории дуҷониба тибқи тавофуқномаҳо дар сатҳи олӣ бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд. Ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, ҳамлу нақли бор ва шумораи лоиҳаҳои ҳамкорӣ меафзояд. Равобити зичи байниминтақавӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи фаъолонаи фарҳангию гуманитарӣ анҷом дода мешавад.



Ҷонибҳо ба андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои дурнамодор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар ин замина муҳимияти иҷрои амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки имрӯз таҳти раёсати сарвазирони ду давлат дар Тошканд баргузор гардид, таъкид карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво