27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе вобаста ба захираҳои об, инноватсия ва энергиясарфанамоӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

62
6-7 октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони «Захираҳои об, инноватсия, захира-ва энергиясарфанамоӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конференсия бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим ва ғайра мебошад.

Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

— Усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об;

— Истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим;

— Гидроэкология, гидрохимия ва сифати об;

— Рушди устувор ва иқтисоди «сабз»;

— Иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон;

— Дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

— Энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ;

— Аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор;

— Масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор;

— Баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво