26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад

162
Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад28-29 март дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат аз ҳадафҳои асосии форум маҳсуб мешавад.

Дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ҳар ду давлат, ки самти фаъолияташон ба соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ нигаронида шудааст, иштирок менамоянд.

Дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар сиғаи «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст. Инчунин дар ҳошияи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ доир хоҳад шуд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво