27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз ёфт

64
«ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз ёфтДар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи баргузор намудани сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни он иштирокдорон доир ба «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва инъикоси осорхонавии он» ва «Ҷанбаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим» маъруза карданд.

Таъкид карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати узви СММ пазируфта шуд.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— Соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар фарҷом муроҷиатномаи иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» қироат карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивади мазкур 14 то 17 март бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор карда мешавад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво