27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

24 июн дар Душанбе дуюмин Фестивали дӯстӣ таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» баргузор мешавад

210
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 24 июни соли равон дар пойтхт дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» баргузор карда мешавад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Ҳадафи баргузории Фестивали мазкур ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии мамлакат мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот ва бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивал ҷавонон дар шаҳри Душанбе вазифадор намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 16-19 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» аввалин Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор гардида буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво