25 январ 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди мактаби замонавӣ дар Шаҳристон

985
-Дар ноҳияи Шаҳристон як мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои синфхонаҳои кушоду барҳаво, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ мебошад. Сохтмони мактаб ду сол қабл оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи Конститутсияи кишвар бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни суҳбат бо сокинони ноҳия раиси вилоят таъкид намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар равона намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шароити донишомузӣ корҳои мушаххас анҷом дод.
Соли равон дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири зиёда аз 100 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, беш аз 25 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар дигар иншооти соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, изҳори бовар намуд, ки бошандагони ноҳияи Шаҳристон дар қатори дигар сокинони кишвар барои рушду нумуи соҳаҳои муҳим камари ҳиммат мебанданд ва 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар ин рӯз ба хонандагони муассисаи таълимии рақами 21-и ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби раиси вилоят 10 асбоби мусиқӣ ва 6 компютер бо тамоми лавозимот тақдим гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво